Истиқболи расмии Пизишкиён дар Душанбе: ӯ гуфт омодаи ҳамкорӣ дар ҳама самтҳо ҳастанд

Кишвардори Тоҷикистон изҳори боварӣ кард, ки имрӯза сафари раисҷумҳури Эрон нерӯи нав ба равобити Душанбеву Теҳрон мебахшад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар Қасири миллат барои истиқболи расмии ҳамтои эронияш маросими бошукҳ доир кард.
Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар, маросими истиқбол бо тамоми расмиёт аз ҷумла гузориши командири қаровули фахрӣ ба меҳмони воломақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар доир шуд.
Ҳамчунин ба ифтихори ташрифи давлатии президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.
Президенти Тоҷикистон зимни пазироии гарм аз ҳамтои эронияш аз сатҳи ҳамкориҳо ситоиш карда гуфт, ки он тайи ду се соли ахир дар ҳамаи самтҳо рушд мекунад.
Ӯ изҳори боварӣ кард, ки имрӯза сафар нерӯи нав ба равобити Душанбеву Теҳрон мебахшад.
“Ба дунболи Раисӣ”: Роҳи Пизишкиён аз тариқи Душанбе ба Маскав
Пизишкиён дар навбати худ гуфт, ки бо Тоҷикистон дар тамоми самтҳо омодаи ҳамкорӣ ҳастанд.
"Робитаҳоро дар тамоми заминаҳо метавонем боз қавитар созем ва ба ҳамидигар кумак кунем",- таъкид кард ӯ.
Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин аз наздикии мардумони ду кишвар гуфта изҳор дошт, ки чунин қаробат дар ҳеҷ ҷои дунё нест.
“Эҳсоси бегонагӣ намекунам, мисли кишвари худамон аст. Хиёбонҳо, сохтмонҳо ва майдонҳо. Дар китобҳоямон, дар макотиб дарсҳоямон, ҳамаи ин исмҳое, ки шумо дар хиёбонҳо гузоштед мебинам ва эҳсос мекунам,, ки дар Эронам. Ин барои ман хеле ҷолиб аст”,- гуфт Пизишкиён.
Қарор аст, ки баъди анҷоми гуфтушунидҳо ҳуҷҷатҳои созишномаҳои ду кишвар аз ҷониби шахсони расмии Эрон ва Тоҷикистон имзо шаванд.
Раисҷумҳури Эрон дар чорчуби ин сафар ҳамчунин бо Рустами Эмомалӣ, раиси маҷлиси миллӣ, Муҳаммадтоҳири Зокирзода, раиси маҷлиси намояндагон ва Қоҳир Расулзода нахуствазири Тоҷикистон дидор хоҳад кард.