ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Нишасти фаъолони иқтисодии Эрон бо намояндагони вазорати нақлиёти Тоҷикистон баргузор шуд, хабар додааст “Утоқи Эрон онлайнӣ”
Дар ин нишаст зимни ташреҳи имконоти Эрон дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, дархост шуд, ки бо тавваҷуҳ ба муносиб будани ҳамли рейлӣ дар тиҷорат ва адами имкони тараддуди вагонҳои эронӣ дар минтақаи ИДМ, заминаи ҳаракати вагонҳои тоҷикистонӣ дар Эрон ба манзури интиқоли маҳмулаҳои содиротӣ ба мақсади Тоҷикистон фароҳам ояд.
Дар ин нишаст, қайд карда шуд, ки сатҳи содироти хадамоти фаннӣ ва муҳандисии Эрон бо кайфияти боло, бисёр густардааст.
Ҳамчунин Раҳими Муртазоӣ, раиси утоқи Ҳамадон низ ба бахше аз имконоти устони Ҳамадон дар ҳавзаи гардишгарӣ, санъатӣ, маъданӣ, паймони корӣ ва хадамоти фанниву муҳандисӣ ишора кард.
Лузуми тақвияти зерсохтҳои рейлӣ барои ҳали муъзалоти ҳамлу нақл афзоиши сатҳи муносиботи тиҷорӣ ва баробар кардани мизони содироти ду кишвар ба бозори якдигар, нуктаи муҳиммӣ буд, ки дар ин нишаст аз сӯии намояндагони Эрон, мавриди тавваҷуҳ қарор гирифт.
Фаъолони ицтисодии Эрон гуфтанд: "имкони тараддуди вагонҳои эронӣ дар минтақаи ИДМ имконпазир нест; бинобарин бояд тафоҳумномае дар бахши рейлӣ мунъақид кунем то вагонҳои Тоыикистон фаъол дар ин ҳавза ба Эрон биёянду борро ҳамл кунанд".
Тавофуқ дар ростои тақвияти равобити тиҷорӣ ва сармоягузории муштарак бо такя бар тамоми имконоту зарфиятҳои мавҷуд дар ҳар ду кишвар, натиҷа ин нишаст буд.