Анҷумани сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон бо ҳузури 400 нафар

Дар Анҷумани сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон ба имзорасонии санадҳои ҳамкорӣ байни соҳибкорони ду кишвар ба нақша гирифта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе рӯзи 16 январ Анҷумани сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон баргузор мешавад, иттилоъ додааст Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.
Ба иттлои манбаъ, чорабинии мазкур дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон доир мегардад.
Қарор аст, дар кори Анҷуман аз ҳар ду ҷониб 400 нафар иштирок намоянд.
Дар Анҷуман Вазири энергетика ва захираҳои об, вазири саноат ва технологияҳои нав, Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, инчунин роҳбарони мақомоти давлатии ҷониби эронӣ маъруза хоҳанд кард.
Ҳамчунин суханронии Вазири фарҳанги Тоҷикистон, Раиси Кумитаи муҳити зисти Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоти давлатии ҷониби эронӣ дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин дар Анҷуман ба имзорасонии санадҳои ҳамкорӣ байни соҳибкорони тоҷикистонӣ ва эронӣ ба нақша гирифта шудааст.
Президентҳои Тоҷикистону Эрон чанд маротиба мулоқот кардаанд?
Ёдовар мешавем, ки 15 январ Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар доираи сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Эрон доир гардида, маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд.
Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Эрон чанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо мерасад.
Дар доираи сафар ҳамчунин 15-16 январ дар шаҳри Душанбе Форуми олимон ва пажуҳишгарони Тоҷикистон ва Эрон баргузор мешавад.
Дар ҳошияи форум иштирокчиён бо якчанд муассисаи илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шинос мешаванд.
Ҳамзамон меҳмонони форум мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисорро тамошо мекунанд.