ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп дар мусоҳиба ба Newsmax изҳор доштааст, ки Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия мехоҳад бо ӯ мулоқот кунад ва шахсан ӯ низ ҷонибдори мулоқот бо ҳамтои русаш аст, аммо барои ин Трамп бояд аввал сари курсии прехидентӣ нишинад.
Маросими савгандёдкунии Трамп рӯзи 20 январ баргузор мешавад.
Трамп қаблан гуфта буд, ки раисиҷумҳури Русия хоҳиши мулоқот бо ӯ изҳор доштааст ва ҷонибҳо ба чунин мулоқот омодагӣ мегиранд.
Баъдтар котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков аз омода будани Путин барои тамос бо раҳбарони байналмилалӣ, аз ҷумла Трамп, президенти интихобшудаи ИМА ёдовар шуд.
Як рӯз пеш Кремл изҳор дошт, ки барои мулоқоти Путин ва Трамп омодагии ҷиддие дида намешавад, аммо иродаи сиёсӣ вуҷуд дорад, "зеро ин гуна тамосҳо хеле ва хеле зарур ва мувофиқ хоҳанд буд."
"Ман медонам, ки ӯ мехоҳад бо манмулоқот кунад ва ман низ тарафдори мулоқот ҳастам. Ман мехоҳам ин кор зудтар анҷом ёбад. Аммо шумо медонед... барои ин кор каме вақт лозим ва ман бояд аввал сари курсии президентӣ шинам", - гуфт Трамп.
Қаблан Майк Уолз, мушовири амнияти миллии Трамп гуфта буд, ки гуфтугӯи телефонии Трамп ва раисиҷумҳури Русия метавонад "рӯзҳо ё ҳафтаҳои наздик" сурат бигирад.