Президентҳои Тоҷикистону Эрон чанд маротиба мулоқот кардаанд?

Равобити Тоҷикистону Эрон дар марҳилаи рушд қарор дорад. Дар тӯли 30 соли истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ як қатор созишномаҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо расидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд.
Ба ин тартиб, интизор меравад дидори Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Масъуд Пизишкиён рӯзи 15 январ дар Душанбе баргузор шавад.
Sputnik Тоҷикистон ёдовар мешавад, ки тайи 30 соли ахир кадом президентҳои Эрон ва кай аз ҷумҳурӣ дидан кардаанд.
Сафарҳои раҳбарони Тоҷикистону Эрон дар тӯли 30 сол
Эрон аввалин кишварест, ки дар авоили январи соли 1992 бо ифтитоҳи сафоратхона дар Душанбе истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар тӯли 30 сол 16 бор ба Эрон сафар карда ва 13 бор ҳамтоёни эронии худро дар Душанбе ба ҳузур пазируфтааст.
Интизор меравад, Масъуди Пизишкиён, ки моҳи июли соли 2024 дар интихоботи президенти, дар пайи марги фоҷиабори Иброҳим Раисӣ раҳбари Эрон интихоб шуд, рӯзи 14 январ вориди Душанбе шавад.