Интиқоди Иттиҳодияи ҷаҳони мусалмонон аз ҳукумати Толибон* барои манъи таҳсили духтарон

Дабири кулли Иттиҳодияи ҷаҳони мусалмонон ахиран гуфт, ки мамнуъияти таҳсили духтарон аз сӯйи Толибон* дар Афғонистон иқдоми ғайриисломӣ аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Муҳамvад Алисӣ дабири кулли Иттиҳодияи ҷаҳонии мусулмонон ва раиси созмони уламои мусулмон дар нишаст Созмони ҳамкории исломӣ дар Исломободи Покистон аз фармони Толибон* алайҳи таҳсили духтарон интиқод кард ва онро ҳаром донист, иттилоъ додааст "Радио Дарӣ".
"Ин кор ҳақи омӯзиш ва таҳсили духтарону занон - хоҳ ба тавр куллӣ бошад ё ҷузъӣ - ва нисбат додан он ба ислому шариъат, нодуруст аст", - Шайх Гуфт Муҳаммад Алисӣ дар ин нишаст.
Дабири кулли Иттиҳодияи ҷаҳонии мусулмонон ва раиси созмони уламои мусулмони аз Толибон* хост, ки бардошт ва тасмими худро ба дайн нисбат надиҳанд.
"Ҳар фард ё созмони аъам аз давлатӣ ё хусусӣ бояд нисбат ба ин мавзуи ниҳоят диққатро дошта бошад, ки ба далел, эродоти худро ба дин нисбат надиҳад", - гуфт ӯ.
Вай таъкӣд кард, ки ислом "ба таври қотеъона" ҳаргуна маҳрумият аз таҳсили занонро аъам аз ҷузъе ё комил ва дар ҳар сину сатҳӣ рад мекунад.
Муҳаммад Алисӣ дар ин нишаст афзуд ки "ҳеҷ тахаллуфи бузургтар аз беадолатӣ нест".
Толибон* ба занони афғонистонӣ иҷозаи ронандагӣ доданд
Ба гуфтаи вай, ҳар кас бар "густардагӣ ва суҳӯлати шариати исломӣ" сахтгирӣ кунад дар доми бардоштҳои "ифротӣ" монанди манъи ироаи хадамоти тиббии мард ба занӣ ва соир маворид меуфтад.
Дабири кулли Иттиҳодия ҷаҳонии уламои мусулмон афзудааст, ки эъломия ин нишаст, "азми қавӣ ва муассир" кишварҳои исломӣ ва уламои мусулмон дар мавриди омӯзиши духтаронро барҷаста хоҳад кард.
Нишаст ду рӯзаи Созмони ҳамкории исломӣ бо меҳвари омӯзиши духтарон дар кишварҳои мусулмон ба вижа дар Афғонистон дар Исломободи пойтахти Покистон оғоз шуд.
Толибон* се сол аст, ки дарвозаҳои макотиби болотар аз синфи шашум ва ҳамчунин донишгоҳҳоро ба рӯй духтарон бастаанд.
Гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Ҳукӯмати толибон дар оғози ин маҳдӯдиятро муваққатӣ ва " илои амри сонӣ " мехонд аммо токунӯн ҳеҷ тағйиру таҳаввулӣ дар ин рӯйкард ба вуҷӯд наёмадааст .

Толибони ахирани таҳсили духтарону занон дар муассисоти тиббиро низ дар Афғонистон мамнӯъ карданд ки ин иқдоми онон бо вокуниши густардаи дохилӣу хориҷии рӯбаҳ рӯ шуд.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.