Амрико "Газпром нефт - Тоҷикистон" -ро таҳти таҳрим қарор дод

Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ҶДММ "Газпром нефт - Тоҷикистон" -ро таҳти таҳрим қарор дод.
Маълумот дар ин бораро Вазорат дар сомонаи худ нашр кард.
Қабл аз тағйири маъмурият дар рӯзи 10 январ Вашингтон аз қабули бастаи маҳдудиятҳо дар бахши нафту гази иқтисоди Русия хабар дод.
OFAC (Оҷонсии иҷрои таҳримҳои Вазорати молия) гуфт, ба ин рӯйхат ширкати "Сургутнефтегаз" ва "Газпром нефт" ва ҳамчунин тақрибан 20 филиали онҳо шомиланд.
Орбан гуфт, таҳримҳо алайҳи Русия бояд ҳарчи зудтар лағв шаванд
Инчунин ҶДММ "Газпром нефт Осиё" ва "Газпром нефт - Қазоқистон" низ таҳти таҳрим қарор гирифтанд.
Маълум аст, ки Британияи Кабир ба таҳримҳо ҳамроҳ шудааст. Вазорати молияи ИМА ҳамчунин алайҳи 183 киштӣ, умдатан танкерҳои нафтӣ, ки ба операторони флоти Русия тааллуқ доранд, таҳрим эълон кард.