Рақобати "Перспулис" ва "Ал-иттиҳод" барои хариди футболбози тоҷик Ҳамадонӣ Камолов

Рақобати ду бошгоҳи бонуфузи Осиё ва Ховари миёна барои ҷазби футболбози тоҷик, ки қиматаш 600 ҳазор доллар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Тибқи иттилои рӯзномаи Ал-Ватан бошгоҳи футболи “Перспулис”-и Эрон ва “Ал-иттиҳод”-и Арабистони Саудӣ бар сари ҷазби ҳафбаки тоҷик ки қиматаши 600 ҳазор доллар аст дар рақобатанд.
Ба иттилои ин манбаъ, Ҳамадонӣ Камолов номи ситора тоҷикистонӣ аст, ки тибқи эъломи сомонаи “Goalti” мавриди тавваҷуҳи бошгоҳи “Ал-иттҳод” Арабистони Саудӣ аст ва то ҷое, ки Лоран Блан ин бозигарро таъйид карда аст ва сарони “Ал-иттиҳод” дар талошанд ӯро дар зимистон ба ин даста ҷазб кунанд.
Сайти рӯзномаи Ал-Ватан ҳам ин хабарро таъйид кард ва навишт: ҳам бошгоҳи “Ал-иттиҳод” ва ҳам бошгоҳи “Персполис”-и Эрон ба ҷазби Камолов алоқа доранд.
“Ин бозигари тоҷик 21 сол дорад ва қиматаши 600 ҳазор доллар аст”,- навиштааст рӯзнома.
Ин манбаъ навишт, ки ҳам бошгоҳи “Персполис”-и Эрон ва ҳам “Ал-иттиҳод”-и Арабистони сахт дар талошанд то ин бозигар тоҷикистониро, ки дар тими “Истиқлол”-и Душангбе бозӣ мекунад ҷазб кунанд.
Маълум шуд, мавсими нави чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол кай шурӯъ мешавад
Камолов тавонои бозӣ дар пасти вингери чапу ростро дорад. ӯ дар футболи Испанияи ҳам ба майдон рафта аст ва аз соли 2023 ба Тоҷикистон баргашта ва барои тими истиқлол бозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар тими “Ал-иттиҳлд” ситораҳои футболи ҷаҳон ба монанди Карим Бензема, Муса Диабӣ, НГоло Канте, Стивен Бергвейн ва ғайра бозӣ мекунанд.