ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Прокуратураи генералӣ, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ кадрҳои нав таъйин карду аз кор гирифт.
Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст, президент ахиран бо кадрҳое, ки дар ҳайати роҳбарикунандаи Прокуратураи генералӣ, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таъин гардиданд, дидор кардааст.
Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳур сардорони як қатор раёсатҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Конибодом, Турсунзода, Рашт, Фархор, Носири Хусрав, Балҷувон, прокуророни ҳарбии гарнизонҳои Бохтару Суғдро иваз намудааст.
Ҳамчунин раисҷумҳур дар ҳайати фармондеҳии Вазорати мудофиа, низ тағироти кадрӣ анҷом додааст.
Қайд карда шудааст, ки командирони баъзе аз воҳидҳои низомӣ ва комиссарони ҳарбии як қатор шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби афсарони соҳибтаҷрибаву хатмкардагони ду муассисаи олии низомӣ ба ин вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин гардиданд.
Бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон сардорони баъзе аз раёсатҳо ва шуъбаву марказҳои таълимии Гвардияи миллӣ низ иваз шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо кадрҳои нав дар робита ба вазъи мураккабу пешгӯинашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намуд.
Вай гуфт дар чунин шароити ҳассосу хатарзо вазифаи ҳар як роҳбару фармондеҳ ва хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот аз таъмини амнияту суботи давлат, ҳимояи марзу буми кишвар ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ иборат буда, дар ин самт бояд ҳушёру зирак бошанд ва вазифаҳои хизматии худро дар асоси оинномаҳо ва дастурамалҳои низомӣ ба роҳ монанд.
Ба иттилои манбаъ дар ин дидор мубориза бар зидди ҳамагуна қонунвайронкуниҳо, аз ҷумла коррупсия, муносибатҳои ғайриоинномавӣ, таъмини фазои солими хизмати ҳарбӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ, омодагии ҷисмонӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати тарбияи ватандӯстӣ миёни ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ аз мавзуъҳои асосии суҳбат буд.