ДУШАНБЕ, 8 янв - Sputnik. Шурӯъ аз аввали моҳи январ маблағи пардохтҳо барои кӯдакистонҳои давлатӣ, масалан, дар шаҳри Душанбе, 4% боло рафт.
Хуршед Мавлонов, сухангӯи вазорати маорифи Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, афзоиши ҳаққи моҳвори хадамот дар кӯдакистонҳои давлатӣ ба таври худкор бо боло рафтани шохиси муҳосиба ё нишондиҳанда барои ҳисобҳо иттифоқ афтодааст.
“Агар соли гузашта шохиси муҳосиба дигар буд, дар соли нав тағйир хӯрд. Ҳаққи хадамот дар кӯдакистонҳо бо ҳамин шохис ҳисоб мешавад ва баробари афзойиши он боло меравад, ки вазорати маориф ин ҷо ҳеҷ нақше ё рабте надорад”, - гуфт Хуршед Мавлонов.
Шохиси муҳосиба ҳар сол мутобиқи моддаи алоҳида бо Қонун “Дар бораи буҷети давлатӣ” аз сӯи парлумони Тоҷикистон тасдиқ мешавад.
Соли равон андозаи шохиси муҳосиба тибқи моддаи 23 – и ин қонун 75 сомонӣ муқаррар шудааст, ки дар қиёс бо соли гузашта 3 сомонӣ бештар аст.
Сухангӯи вазорати маорифи Тоҷикистон гуфт, аз рӯи ин қонун, масалан, дар шаҳри Душанбе, ки пардохти моҳвори кӯдакистонҳои давлатӣ ду шохиси муҳосибаро ташкил мекунад, пардохти моҳвор ба 150 сомонӣ дар муқобили 144 сомонии соли гузашта баробар шуд.
“Дар навбати худ, дар кӯдакистонҳои шаҳрҳои бузурги дигари кишвар – Хуҷанду Бохтар – низ аз рӯи ду шохис ё нишондиҳанда пардохт мекунанд”, - гуфт Хуршед Мавлонов.
Вай афзуд, дар навоҳии дурдаст ва кӯҳистонӣ пардохти моҳвори хадамоти кӯдакистонҳои давлатӣ ба 1,5 шохиси муҳосиба ё аз 108 сомонии соли гузашта ба 112,5 сомонӣ боло рафтааст.
"Вазорати маориф фақат фаъолияти муассисаҳои давлатиро назорат мекунад, пардохтҳое, ки мешаванд, аз ҷумла дар кӯдакистонҳо аз рӯи шохиси муҳосаба сурат мегиранд. Бақия донишгоҳу муассисаҳои таълимии хусусӣ нархномаҳои худро бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа мекунанд”, - гуфт сухангӯи вазорати маорифи Тоҷикистон.
Тибқи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз соли 2023 дар бораи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ, ҳар гуна пардохти давлатӣ, аз ҷумла барои кӯдакистонҳо ғайринақдӣ ва тариқи барномаҳои хос амалӣ мешавад.