ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik.Пас аз фармони таъйину барканории раисони шаҳру навоҳии Хатлону ВМКБ, ҳамчунин бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон раисони Кумитаи рушди сайёҳӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ аз вазифа озод шуданд.
Қарори ба ҷои онҳо таъйин шудани нафарони навро низ ҳукумати кишвар эълон кард.
Ҳамин тариқ, ба ҷои Муминзода Камолиддин, ки то имрӯз раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ буд, Ҷумахонзода Ҷамшед таъйин гардид.
Ҳамчунин ба ҷои Давлатзода Усмон Гул, раиси акнун собиқи Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, Табарзода Ҷамшед таъйин гардид.
Бояд гуфт, Ҷумъахонзода Ҷамшед то ин дам раиси Палатаи савдои Тоҷикистон буд ва Табарзода Ҷамшед бошад, муовини аввали шаҳрдори Душанбе.
Сабаби аз вазифа барканор шудани собиқ раисони ин ду ниҳод гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шуд, вале маълум нест, ки онҳо чӣ вазифаро ишғол мекунанд.