14 сентябри соли 1965 муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ва раиси ҳизби "Русияи воҳид" Дмитрий Медведев таваллуд шудааст.
Аз 7 майи соли 2008 то 7 майи соли 2012 дар вазифаи президенти Федератсияи Русия кор кардааст.
Нависандаи рус Фёдор Михайлович Достоевский 11 ноябри соли 1821 таваллуд шудааст.
Мувофиқи маълумоти ЮНЕСКО, ӯ яке аз нависандагони серхонанда дар ҷаҳон аст.
25 октябри соли 1881 рассом Пабло Пикассо таваллуд шудааст.
Пикассо тақрибан 20 ҳазор асар офаридааст ва яке аз "гаронтарин" рассомони сайёра боқӣ мемонад.
Сиёсатмадори амрикоӣ ва президенти 32-уми Иёлоти Муттаҳида Франклин Рузвелт 30 январи соли 1882 таваллуд шудааст.
Ягона сарвари давлате, ки зиёда аз ду мӯҳлат ба маснади президентӣ интихоб гардид.
Бо акси ӯ пули амрикоӣ интишор шуд.
Инқилобчии Чин, асосгузори ҶХЧ Мао Тзэдун 26 декабри соли 1893 таваллуд шудааст.
Ӯ яке аз шахсиятҳои бонуфузтарин ва баҳсбарангези асри 20 маҳсуб мешавад. Ба ҷуз сиёсат, Мао ҳамчун назарияшинос, стратеги ҳарбӣ ва шоир низ маъруф аст.
Актриса ва модел Одри Ҳепберн 4 майи соли 1929 таваллуд шудааст.
Оҳангсоз Александра Пахмутова 9 ноябри соли 1929 таваллуд шудааст.
Ӯ зиёда аз 400 суруд, аз ҷумла "Беловежская пуща", "Нежность", "Надежда", "Птица счастья", "Я не могу иначе", "Хорошие девчата", "Усталая подлодка", "Трус не играет в хоккей", "И вновь продолжается бой", "Как молоды мы были", "До свидания, Москва!" навиштааст.
Ҳунарпешаи театр ва синамои шӯравӣ Андрей Миронов 7 марти соли 1941 таваллуд шудааст.
Ӯ дар филмҳое чун "Берегись автомобиля", "Бриллиантовая рука", "Человек с бульвара Капуцинов", "Невероятные приключения итальянцев в России" ва дигарҳо нақш офаридааст
Барандаи телевизион Александр Масляков 24 ноябри соли 1941 таваллуд шудааст.
Аз соли 1964 ӯ муҷрии барномаи КВН буд.
Физики назариявии бритониёӣ Стивен Ҳокинг 8 январи соли 1941 таваллуд шудааст.
Ӯ пас аз нашри китоби илмӣ-оммавии худ "Таърихи мухтасари замон" дар соли 1988 шӯҳрати васеъ пайдо кард ва ба бестселлер табдил ёфт.
Муштзани касбии амрикоӣ Муҳаммад Алӣ 17 январи соли 1942 таваллуд шудааст.
Яке аз муштзанҳои машҳури таърих, чемпиони бозиҳои XVII тобистонаи олимпӣ-60.
Арбоби давлатии Чин Си Ҷинпин 15 июни соли 1953 таваллуд шудааст.
Вай бори нахуст 14 марти соли 2013 ба мақоми раиси ҷумҳурии Чин интихоб шуда буд.
Ӯ дар таърихи ин кишвар аввалин раис аст, ки барои давраи сеюми панҷсола таъйид мешавад.
31 июли соли 1965 нависандаи бритонӣ Ҷоан Роулинг таваллуд шуд
Вай бештар бо силсилаи романҳои Гарри Поттер маъруф аст, ки силсилаи китобҳои серхаридор дар таърих гардид.
Раисҷумҳури феълии Фаронса, Эммануел Макрон 21 декабри соли 1977 таваллуд шудааст
Овозхон ва сарояндаи Кореяи Ҷанубӣ, муаллифи суруди PSY 31 декабри соли 1977 таваллуд шудааст.
24 ноябри соли 2012 видеои таронаи "Gangnam Style" аз ҳама бештар дар таърихи YouTube сербинандатарин гардид.
Ҳамзамон аз 21 декабри соли 2012 бори аввал дар таърихи интернет шумораи тамошобинони як клипи видеоӣ марзи 1 млрд нафарро убур кард.
Тейлор Свифт 13 декабри соли 1989 таваллуд шудааст.
Моҳи декабри соли 2023 вай дар рӯйхати маҷаллаи Time "Шахси сол" дар ҷои аввал қарор гирифт.