ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Ба иттилои вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли 2025 дар ВМКБ бунёди қитъаи роҳи "Қалаихум – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон" бояд ба анҷом расад.
Вазорат таъкид кардааст, ки бо туфайли ду нақб дарозии умумии ин қитъаи роҳ 16 км коҳиш меёбад. Яке аз нақбҳо 1,8 км, нақби дуввум 3,4 км дарозӣ дорад.
Ҳамчунин ба иттилои вазорат дар мавзеи Барсеми ВМКБ сохтмони 4,5 километр роҳҳо, 550 метр долонҳои зидди тарма, пули дарозиаш 82 метр аз болои дарёи Шорф ва пули дигар бо дарозии 200 метр аз болои дарёи Ғунд ва дар ҳудуди вилояти Суғд барқарорсозии 52 километр роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба анҷом мерасад.
Вазорати нақлиёти кишвар ҳамчунин хабар додааст, ки давоми ду соли оянда дар кишвар даҳҳо километр роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ, пулҳо, нақбҳо ва долонҳои зиддитармавӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.
Ҳамчунин дар оянда сохтмони истгоҳҳои сӯзишворӣ, марказҳои хизматрасонӣ, мағозаҳо, кемпингҳо ва меҳмонхонаҳо пешбинӣ шудааст, ки ба беҳдошти сатҳи хизматрасонии нақлиётӣ мусоидат мекунанд.
Ҳамчунин вазорат қайд кардааст, ки соли 2025 таҷдиди роҳи автомобилгарди "Данғара – Гулистон" оғоз меёбад, ки ба долони сабзи намунавӣ (намоишӣ) табдил дода мешавад.
Қайд карда шудааст, ки дар доираи лоиҳа бори аввал усулҳои инноватсионии бунёди "роҳҳои сабз" ба таври санҷиш истифода бурда мешаванд.
“Лоиҳа таҷдиди роҳи мавҷудаи дуқатораи фарсудашудаи "Данғара – Гулистон"-ро бо дарозии 49 км ва васеъ кардани он то чор қаторро пешбинӣ мекунад”, - қайд кардааст вазорат.
Иҷроиши ин лоиҳа, ки бояд то соли 2030 ба анҷом расад, ба зиммаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон вогузор шудааст.