Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Артиши Русия аз ҳамлаҳои беҳудаи навбатии нерӯҳои украинӣ ба вилояти Курск хабар дод

Артиши Русия аз талошҳои ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар минтақаи деҳаи Болшое Солдатское дар вилояти Курск ҷилавгирӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Артиши Русия аз талоши ғазби деҳаи Болшое Солдатское дар вилояти Курск аз сӯйи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҷилавгирӣ карданд, иттилоъ додааст вазорати дифои Русия.
"Бо максади боздоштани пешравии артиши Русия дар самти Курск душман ба хучуми чавобӣ ба самти деҳаи Болшое Солдатское оғоз кард. Бо кумаки нерӯҳои ҳавоӣ ва тӯпхонаи кӯшиши душман рафъ карда шуд", - қайд кардааст вазорат.
Вазорати дифоъ қайд кардааст, ки дар наздикии фермаи деҳаи Бердин нерӯҳои Украина пурра нобуд карда шуданд.
Талафоти душман зиёда аз 150 нафар низомиёнро ташкил дод. Илова бар ин, чаҳор танк, ду мошини ҷангии пиёданизм, 16 мошини зиреҳпӯши ҷангӣ ва як мошини монеаи муҳандисӣ нобуд карда шуд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
“Дар муҳосира”: Дар Украина талаб карданд, артиш аз як шаҳри муҳим зуд ақибнишинӣ кунад
Артиши Русия шикасти воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар минтақаро идома медиҳанд, таъкид кардааст вазорат.
Субҳи 6 август нерӯҳои украинӣ ба вилояти Курск ҳамла карданд. Пешравии онҳо боздошта шуд. Тибқи маълумоти ахир, дар ҷараёни набардҳо дар ин минтақа нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 49 ҳазор нафар сарбозаш ва 273 танкро аз даст додаанд.