Раҳмон муовини вазири корҳои хориҷаро сафир таъйин кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар бархе аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Бо қарори раисҷумҳури Тоҷикистон Имомӣ Содиқ Ашурбойзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон озод карда шуд.
Дар ин бора иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, ба фармони Имомӣ Содиқ Ашурбойзода Сафири Тоҷикистон дар Туркия таъин шуд.
Содиқ Имомӣ, ки муовини вазири умури хориҷӣ буд, Ашрафҷон Гуловро дар ин вазифа иваз кард.
Раҳмон муовинонии раиси вилояти Суғд ва раисони шаш ноҳияҳои вилоятро иваз кард
Ёдовар мешавем, ки Маъмурияти Ашрафҷон Гулов дар мақоми сафир моҳи августи соли 2024 ба анҷом расид. Бо фармони президент 16-уми август Ашрафҷон Гулов дар Аморати Муттаҳидаи Араб ба ҳайси сафир таъйин шуд.
Ҳамчунин бо фармони дигари раисҷумҳури Тоҷикистон Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб Мирзозода Парвиз Муродалӣ ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ таъин карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран раисҷумҳури кишвар дар як қатор ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дод.