ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Полковники собиқи Хадамоти амнияти Украина Олег Стариков дар мусоҳиба дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ "Фабрика новость" хостори хуруҷи фаврии нерӯҳои украинӣ аз минтақаи Курахово шуд, чун онҳо метавонанд ба муҳосира гирифта шаванд.
"Мо бояд нерӯҳоро аз ин минтақа барорем, агар мо берун нашавем, воҳидҳои украинӣ муҳосира хоҳанд шуд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи коршинос, нерӯҳои украинӣ дигар наметавонанд худро дар ин минтақа дифоъ кунанд, аз ин рӯ, бақияи сарбозон ва техникаро бояд наҷот дод.
"Дар ояндаи наздик ва бо ҳамин суръат тақдири минтақаи Курахово ҳал мешавад", — огоҳ кард ӯ.
Тавре Владимир Рогов, раиси Комиссияи Палатаи ҷамъиятии Русия оид ба истиқлол ва ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳамгироии минтақаҳои нав хабар дод, артиши Русия ба бинои маъмурияти маркази барқу гармидиҳии Курахово задаанд ва вориди он шуданд.
Худи шаҳр аллакай аз чанд тараф иҳота шудааст, қариб 90% минтақаи он озод шудааст.
Курахово шаҳрест, ки дар қисми ғарбии Ҷумҳурии Мардумии Донетск ҷойгир аст ва аҳамияти калони оперативӣ дорад. Ин бузургтарин шаҳрак дар қисмати ҷануб ғарбии Донбасс аст, ки пас аз озод кардани Угледар муддати тӯлонӣ таҳти назорати нерӯҳои мусаллаҳи Украина боқӣ мондааст. Гирифтани Курахово ба артиши Русия имкон медихад, ки минбаъд ба сарҳади ғарбии ҶМД барояд.