ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Воҳидҳои низомии Русия дар манотиқи марзии вилояти Курск дар як рӯз беш аз 225 сарбози нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд карданд.
Дар ин бора Вазорати дифои Русия хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, артиши Украина ҳамзамон ду мошини зиреҳпӯши ҷангии пиёданизомро, панҷ мошини зиреҳпӯши нихомӣ, 5 мошин ва тӯпхонаиро талаф дод.
"Дар давоми рӯз талафоти Қувваҳои Мусаллаҳи Украина беш аз 225 нафар низомиён, 2 мошини ҷангии пиёданизом, се мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, 5 мошин ва тӯп ташкил додааст", - омадааст дар хабарнома.
Дар ҳамин ҳол, Киев 263 танк, 204 худрави ҷангии пиёданизом, 146 нафарбари зиреҳпӯш, 1394 зиреҳпӯш, 1321 мошин, 340 тӯпхонаро талаф дод.
Ҳамзамон душман дар ин самт, 42 системаи мушакӣ, аз ҷумла 11 HIMARS ва 6 MLRS истеҳсоли ИМА, 14 системаҳои зиддимушакии зиддиҳавоӣ, 7 мошини борбардор, 83 истгоҳи ҷанги электронӣ, ва ғайраро аз даст дод.
Ба гузориши ин ниҳод, режими Киев дар тӯли тамоми набардҳо дар ин самт беш аз 47265 сарбози худро аз даст доданд.
"Амалиёти нобудсозии воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина идома дорад", - таъкид мешавад дар паёми вазорат
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Чанде пеш Владимир Путин таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.