Муҳимтарин рӯйдодҳои Тоҷикистон дар соли 2024

Соли 2024 дар Тоҷикистон рӯйдодҳои зиёди муҳим ба рух дод, ки ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар таъсири ҷиддӣ расониданд
Sputnik
Sputnik Тоҷикистон аз бузургтарин рӯйдодҳои соли гузашта дар ҷумҳурӣ ёдовар мешавад.
Соли 2024 як ҳодисаи таърихӣ рух дод: Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз солҳои тӯлонӣ ниҳоят аломатгузории марзро ба анҷом расонданд.
Воқеаҳои асосии соли 2024 дар Тоҷикистон
Илова бар ин, соли гузашта қабули Барномаи СПАД барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки тарҳи он тайи 11 сол таҳия шуда буд, яке аз масалаҳои муҳим ба шумор мерафт.
Барои мардуми оддӣ низ воқеаҳои мусбат низ рух дода буд: Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи бекор кардани "дозвол"-и боркашонӣ ба мувофиқа расиданд. Арзиши он ба 400 доллар мерасид, боркашониро хеле мушкил кардаву хароҷоти харидро ба души ронандагон мегузошт.