ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Дар Душанбе иҷлосияи 21-уми Маҷлиси вакилони халқ даъвати шашум баргузор шуд.
Дар ин ҷаласа раиси пойтахти Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 гузориш дод.
Ҳамин тариқ, аз рӯи ҷамъбасти соли ҷорӣ ММД шаҳри Душанбе ба 20,6 млрд сомонӣ расид. Дар муқоиса бо соли 2023 ин рақам 8,3% афзоиш ёфтааст.
Рустами Эмомалӣ дар ҷаласа ҳамчунин ба сохторҳои масъул дастур дод, ки иҷрои нақшаи чорабиниҳои таҷлил аз 35-умин солгарди истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣро таъмин намоянд.
Аз ҷумла, талаб кард, ки таъмиру азнавсозии роҳҳо дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонда шаванд. Илова бар ин, шаҳрдори Душанбе барои ҷалби бештари сармояи дохиливу хориҷӣ зарурати ба инобат гирифтани афзоиши аҳолӣ изҳор дошт.