Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Артиши Украина дар як сол 590 ҳазор сарбозашро аз даст додааст

Ба иттилои вазорати дифои Русия, талафоти артиши Украина дар соли 2024 беш аз 593 ҳазор сарбозро ташкил додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Тибқи маълумотҳои вазорати дифои Русия, ки хабаргузории РИА “Новости” таҳлил кардааст, талафоти нерӯҳои Украина дар соли 2024 тақрибан 593 410 нафарро ташкил додааст.
Ба ин тартиб, тибқи гузоришҳои ҳарҳафтаинаи вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар авоили сол дар як ҳафта ҳудуди чаҳор ҳазор сарбози худро аз даст додаанд.
То моҳи март ин рақам ба беш аз ҳафт ҳазор нафар расид, вале баъдан каме коҳиш ёфт.
Илова бар ин, дар моҳи март нерӯҳои мусаллаҳи Украина талош карданд марзи Русияро дар вилоятҳои Белгород ва Курск убур кунанд, ки дар натиҷа ҳудуди се ҳазор нафари дигарро талаф доданд.
Пас аз он талафоти низомиёни украинӣ дубора афзоиш ёфт ва дар охири моҳи май бори аввал аз даҳ ҳазор нафар дар як ҳафта гузашт, ки баъд аз он ҳеҷ гоҳ аз ин рақам поён нарафтанд.
Коршинос: Трамп бояд дарк кунад, ки Русия дар ҷанги Украина пирӯз хоҳад шуд
Дар моҳи август Киев, ба қаламрави Русия дар вилояти Курск ҳамла кард, ки пас аз он талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина боз ҳам бештар шуд.
Нерӯҳои украинӣ дар як ҳафта аз 26 октябр то 1 ноябр бештарин низомиёни худро аз даст доданд - тақрибан 17 ҳазор нафар.