ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастур додааст, ки мавод дар бораи кони бузург дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ошкор карда шавад.
Ҳуҷҷати мазкурро Вазорати адлия нашр намудааст.
Гап сари кони Икар меравад. Айни замон маълумот дар Фонди давлатии иттилооти геологии сарватҳои зеризаминии Саридораи геологияи Тоҷикистон маҳфуз аст.
Дар ин санад гуфта мешавад, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ маълумот дар бораи ин кон ифшо карда мешавад.
Кони Икар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар 60-километрии Хоруғ воқеъ аст. Он бештар кони волфрам ба шумор меравад, аммо конҳои тилло, мис ва кобалт низ мавҷуданд. Ба гуфтаи бархе аз манобеъ, дар ин кон уран низ мавҷуд аст.