Коршинос: Трамп бояд дарк кунад, ки Русия дар ҷанги Украина пирӯз хоҳад шуд

Sputnik
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури мунтахаби ИМА, ҳангоми ворид шудан ба музокира бо Русия бояд дарк кунад, ки Маскав дар ҳар сурат дар ҷанги Украина пирӯз хоҳад шуд.
Дар ин бора таҳлилгари низомии бритониёӣ Александр Меркурис изҳори назар кард.
"Доналд Трамп бояд бифаҳмад, ки ҳама чизе, ки дар бораи ин ҷанг гуфта мешавад, дуруст нест. Русҳо ба таври возеҳ пирӯз мешаванд, роҳи тағир додани он вуҷуд надорад. Ҳеҷ гуна таҳримоте вуҷуд надорад, ки вазъро тағир диҳад ва силоҳе вуҷуд надорад, ки вазъиятро дигар кунад", - таъкид намуд ӯ.
Вай афзуд, ки Русия дар музокироти пешниҳодшуда аз талаботи худ қотеъона дифоъ хоҳад кард.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Трамп: Зеленский бояд ба созиш бо Русия омода шавад
Трамп бояд омода бошад, ки Маскав пешниҳодҳои ӯро дар бораи ташкили контингенти аврупоӣ дар Украина ва боздоштани узвияти Киев дар НАТО-ро рад кунад.