Русия мутобиқсозии муҳоҷиронро ба самти асосии сиёсати давлатӣ шомил кард

Барномаҳои мутобиқсозии иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ ба онҳое дахл хоҳанд кард, ки дар ҳамгироӣ мушкилӣ мекашанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Таҳияи барномаҳои мутобиқшавӣ барои хориҷиён дар Русия дар самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар чаҳорчӯби мубориза бо ифротгароӣ шомил шудааст.
Ин аз стратегияи мубориза бо ифротгароӣ дар Федератсияи Русия бармеояд, ки дар вебсайти нашрияи расмии санадҳои ҳуқуқӣ нашр шудааст. Онро президенти Русия Владимир Путин имзо кардааст.
Дар ин санад гуфта мешавад, ки ҷинояти муҳоҷирон омили густариши ифротгароӣ шудааст.
"Таҳияи барномаҳои мутобиқсозии иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар Русия барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар мутобиқшавӣ душворӣ мекашанд (бо вижагиҳои фарҳанг ва тарзи зиндагии муқаррарии онҳо, инчунин омилҳои дигар), ҳамгироии онҳо ба ҷомеа, ҷалби корфармоён дар татбиқ ва маблағгузории ин барномаҳоро дар бар мегирад",- гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Ҳамзамон сарвазири Русия Михаил Мишустин фармон дар бораи феҳристи шахсони таҳти назорат қарордоштаи муҳоҷирони қонуншиканро имзо кард.
Тибқи ин қарор, Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия феҳристи шахсони таҳти назорат қарордоштаро бо истифода аз системаи давлатии иттилоотии бақайдгирии муҳоҷират дар ду марҳила таъсис медиҳад.
Патент барои муҳоҷирон дар соли 2025 гарон мешавад: Тасвибаён
Пас аз ворид шудан ба реестр ба шаҳрвандони хориҷӣ бидуни иҷозати Вазорати корҳои дохилӣ ҳаракати нақлиёт, гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ, хариду фурӯши амволи ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёт, ба қайд гирифтани ҷои истиқомат манъ карда мешавад.
Илова бар ин, никоҳ, бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ, бастани шартномаҳои қарзӣ, кушодани суратҳисобҳои бонкӣ, интиқоли маблағ ва ғайра манъ карда мешавад.