Раҳмон панҷ соли ояндаро солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба масъулин супориш дод, ки вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эромалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба парлумони кишвар солҳои 2025-2030 солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон кард.
“Барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шуданд”, - гуфт ӯ.
Президенти Тоҷикистон ба вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки барои тасдиқи нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот санади меъёрии ҳукуқии дахлдорро ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.
Раҳмон ҳадафи ниҳоии ҳукумати Тоҷикистонро гуфт
"Ҳамзамон бо ин дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад",-изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин вай ба вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор кард, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд.
Ҳамчунин президенти кишвар пешниҳод кард, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ таъсис дода шавад.