ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон дар 11 моҳи соли ҷорӣ фаъолияти 231 иншооти зери назорати онҳо барои ҷой доштани камбудиҳояшон то бартараф кардани онҳо манъ карда шуд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи сардори маркази мазкур Бояков Нуруллои ин шумора дар соли 2023-ум 259 ададро ташкил медод.
“Дар ин давра нисбати 3914 нафар санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи наздики 973 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуданд”, – илова кард ӯ.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар 11 моҳи соли ҷорӣ 44 тоннаву 727 килограм/литр маҳсулоти пастифат, муҳлати истеъмолашон гузашта ба маблағи 357 ҳазору 948 сомонӣ аз муомилот гирифта шуданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш “Тоҷикстандарт” чанд соҳибкор аз шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Айниву Кӯҳистони Мастчоҳро барои фурӯши маҳсулоти пастсифат беш аз 183 ҳазор сомонӣ ҷарима кард.
“Тоҷикстандарт” хабар дода буд, ки Агнетӣ аз ҷониби тоҷирон дар натиҷаи 771 санҷиш дар давоми сол, ки 764 қонуншиканиро ошкор кард, ҷарима шуданд.
Манбаъ гуфт, дар натиҷаи санҷиш ҳамчунин як миқдор бозичаҳои бачагона, маҳсулоти хӯрока, нӯшокиҳо, ки мӯҳлати истеъмолашон гузашта, ба саломатӣ хатарнок будаанд, нобуд карда шудаанд.