ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Тибқи фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустии вилояти Хатлон чанд тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Дар ин бора Раёсати вазорати тандурустӣ дар вилояти Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, тибқи фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Муҳаммад Билолов сартабиби “Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Узбекистон” дар ноҳияи Қубодиён таъин гардид.
Қайд карда шудааст, ки номбурда дар ин вазифа Файзалӣ Назаровро иваз кард, ки бо сабаби ба сини нафақа аз вазифа озод шудааст.
Ҳамчунин Фирдавс Раҳмонов тибқи фармоиши Вазири тандурустӣ ва қарори раиси вилояти Хатлон директори Маркази бемориҳои пусту зуҳравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъин гардид.
Оқилҷон Бердиев тибқи фармоиши Вазири тандурустӣ ва қарори раиси вилояти Хатлон директори Маркази бемориҳои наркологии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб таъин гардид.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Давлатбек Қодирқулов тибқи фармоиши Вазири тандурустӣ роҳбари Шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ёвон таъин гардид.
Маҳмадризо Маҳмадраҳимов бошад сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг таъйик шудааст.