Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Орбан гуфт кай муноқиша дар Украина хотима меёбад

Сарвазири Маҷористон ахира дар як нишаст дар бораи ду сенарияи анҷомёбии муноқиша дар Украинаро дар соли 2025-ро гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Муноқиша дар Украина метавонад дар соли 2025 ба поён расад, аммо бо ду роҳи мухталиф, гуфт сарвазири Маҷористон Виктор Орбан, дар мусоҳиба бо нашрияи “Magyar Nemzet”.

"Ҷанг дар соли 2025 ба поён мерасад. Ё бо созиши сулҳ ва ё бо шикасти яке аз тарафҳои даргир", - гуфт сиёсатмадор.

Сарвазири Маҷористон Виктор Орбан, инчунин қайд кард, ки пулҳои ҳангуфте, ки Ғарб барои Украина сарф кардааст, бефоида буд ва дар натиҷа кишвар наметавонад иқтисоди худро нигаҳ дорад.
Вай илова кард, ки бӯҳронҳои сиёсӣ дар Олмон ва Фаронса танҳо оғози паёмадҳои стратегияи нодурусти Ғарб мебошанд.
"Амрико ва Аврупо якҷоя барои ҷанг тақрибан 300 миллиард евро сарф карданд. Бо ин пул мо метавонистем ба болоравии босуръати сатҳи зиндагӣ дар саросари Аврупо ноил шавем. Мо метавонем тамоми Балканро ба сатҳи рушди Аврупо боло бардорем. Мо метавонем муҳоҷиратро ҷилавгирӣ кунем. Мо метавонистем як системаи нави мудофиаи Аврупоро бунёд кунем, аммо ин пул сӯхт”, - гуфт Орбан.
Орбан гуфт, таҳримҳо алайҳи Русия бояд ҳарчи зудтар лағв шаванд
Ба гуфтаи вай, дар натиҷа, "зерсохтор, низоми нақлиёт ва энержии Украина ба хок яксон шуд ва дар ояндаи наздик ин кишвар наметавонад иқтисоди худро нигаҳ дорад”.
Орбан илова кард, ки президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп ваъда дод, ки метавонад бо роҳи гуфтушунид ба ҳалли муноқишаи Украина бирасад.
Вай борҳо изҳор кардааст, ки дар як рӯз аз уҳдаи ин масъала мебарояд.
Ёдовар мешавем, ки президенти Русия Владимир Путин дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки омода аст бо президенти интихобшудаи Иёлоти Муттаҳида музокира кунад.
Путин қайд кард, ки агар чунин мулоқот баргузор шавад, барои гуфтугӯ масоили зиёде ҳаст.