ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Бо фаро расидани Соли нав Бобои Барфӣ қаҳрамони асосии ҷашнҳои оилавӣ мегардад ва намоишҳои ӯ як хидмати маъмул барои эҷоди фазои афсонавӣ мешаванд.
Аммо, арзиши табрикоти идона вобаста ба кишвар фарқ мекунад.
Таҳлили Sputnik Тоҷикистон нишон дод, ки гаронтарин Бобои Барфӣ дар кишварҳои ИДМ дар Озарбойҷон ва арзонтаринаш дар Тоҷикистон мебошад.Нархи хизматрасониҳои Бобои Барфӣ барои 31 декабр чунин аст:
Озарбойҷон: 295 доллар барои 30 дақиқа гаронтарин пешниҳод дар бозор аст.
Қирғизистон: 115 доллар барои 15 дақиқа - аммо дар ин ҷо набераи Бобои барфӣ ҳамроҳи ӯ назди кӯдакон меояд;
Беларус: 104 доллар барои як намоиш;
Қазоқистон: то 70 доллар дар ним соат;
Туркманистон: 100 доллар;
Арманистон: 80 доллар;
Русия: 97 доллар;
Ӯзбекистон: аз $93 барои 15-20 дақиқа;
Тоҷикистон: $73.
Гаронтарин Бобои Барфӣ дар ИДМ?
© Sputnik
Давомнокии намоиш одатан 15-25 дақиқа аст. Дар барнома табрикот, супоридани тӯҳфаҳо иборат буда, Бобои Барфӣ ҳамчунин аз кӯдакон хоҳиш мекунад, ки шеъри солинавӣ бихонанд.
Бобои барфии тоҷикӣ чӣ гуна аст?
Барои онҳое, ки ният доранд, ки кӯдаконро ба ҳайрат оранд, коршиносон маслиҳат медиҳанд, ки Бобои Барфӣ табрикот фармоиш диҳанд. Дар рӯзҳои охири моҳи декабр пайдо кардани Бобои Барфӣ мушкилтар мешавад.
Барои онҳое, ки ният доранд, ки кӯдаконро ба ҳайрат оранд, коршиносон маслиҳат медиҳанд, ки Бобои Барфӣ табрикот фармоиш диҳанд. Дар рӯзҳои охири моҳи декабр пайдо кардани Бобои Барфӣ мушкилтар мешавад.