"Сомон Эйр" парвозҳо ба фурудгоҳи "Внуково"-ро манъ кард

Директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон иллати парвоз накардани ширкати "Сомон Эйр" ба фурудгоҳи "Внуково" -ро шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии “Сомон Эйр” парвозҳо аз Душанбе ба фурудгоҳи Внуковоро қатъ кард.
Ҳабиб Назарзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ба РИА Новости гуфт, ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии “Сомон Эйр” парвозҳо аз Душанбе ба фурудгоҳи Внуковои Маскавро ба далоили иқтисодӣ мутаваққиф кардааст.
"Сомон Эйр парвозҳо ба фурудгоҳи Внуковои Маскавро бо сабабҳои иқтисодӣ қатъ кард, зеро сарбории парвоз ҳамагӣ 30% буд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр" аз Душанбе ба фурудгоҳҳои Домодедово ва Жуковский парвоз мекунанд.
Роҳ ба Давҳа боз шуд, Риёз дар навбат: Хатсайри нави “Сомон Эйр”
"Инро бо он тавзеҳ медиҳад, ки муҳоҷирони кории тоҷик, мусофирони аслии парвозҳо ба Маскав дар ин манотиқи пойтахти Русия, дар наздикии ин фурудгоҳҳо кор мекунанд", - гуфт Назарзода.
Дар ҳоли ҳозир аз Душанбе ба фурудгоҳи Внуково танҳо ширкати русии "Утаир" парвоз мекунад.