Кишварҳои ИИАО бо Эрону Сингапур минтақаҳои озоди тиҷоратӣ таъсис медиҳанд

Бар асоси санаде, ки нашр шуд Эрон ва Сингапур муваззаф шудаанд, ки барои аксари колоҳо боҷи сифрӣ ҷорӣ кунанд ва маҳдудиятҳои тиҷоратӣ ҷорӣ накунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Вакилонипарлумони Қазқистон дар ҷаласаи умумӣқонунҳое тасвиб карданд, ки дар он таъсиси минтақаҳои тиҷорати озод бо Эрон ва Сингапурро пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад Total.kz.
"Ҳадаф аз қонун "Дар бораи тасвиби Созишномаи тиҷорати озод байни Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва кишварҳои узви он, аз як тараф ва Эрон, аз ҷониби дигар, густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии миёни тарафхо мебошад”, - иттилоъ додааст намояндаи парлумони Қазоқистон.
Ба гуфтаи манбаъ, ин созишнома дар тиҷорат барои колоҳои Қазоқистон сабукиҳо пешбинӣ мекунад ва Эрон низ ӯҳдадор мешавад, ки барои аксари колоҳо боҷи сифрӣ ҷорӣ кунад ва маҳдудиятҳои тиҷорӣ пз байн бурда шавад.
ИИАО шакли эъломияи тиҷорати электрониро тасдиқ кард
Илова бар ин, санад ба фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди мол ба бозори шарикон ва ҷалби сармоя ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нигаронида шудааст.
Ҳамчунин, вакилони парлумон қонун “Дар бораи тасвиби Созишномаи тиҷорати озод байни Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва кишварҳои узви он, аз як тараф ва Сингапур, аз ҷониби дигар ва Созишномаи чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи иқтисодӣ”-ро тасвиб карданд.
Гуфта мешавад, ки созишнома ба фароҳам овардани замина барои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои ИИАО ва Сингапур, соддагардонии гардиши мол миёни кишварҳо, фароҳам овардани шароит барои ҷалби сармоя ва амиқсозии ҳамгироӣ пешбинӣ шудааст.