ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд.
Дар ин хусус Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Дар ҳошияи мулоқот ҷонибҳо корро бо мақсади таҳияи минбаъдаи ҳуқуқии гузариши хатти лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон шуруъ карданд.
Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо корҳоро дар ин самт дар мулоқоти навбатӣ, ки дар ҳудуди Қирғизистон баргузор мегардад, идома медиҳанд.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар ҷамъбасти мулоқот Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Зикр гардидааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 4-уми декабр аломатгузории марзро пурра ба анҷом расониданд. Тавре дар баёнияи муштараки сарони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии ду кишвар таъкид шудааст, “масъалаи сабти қонунӣ вуҷуд дорад ва мо тадриҷан ба тавофуқи байнидавлатӣ дар бораи делимитатсияи марзҳо расида истодаем”.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд. Дар ҳамин ҳол, чандсад километри хати марз муддати тӯлонӣ муайян ё аломатгузорӣ нашуда буд.
Ин вазъ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омадааст - ҷонибҳо дар мавриди моликияти даҳҳо қитъаи баҳсбарангез ба тавофуқ нарасиданд. Ҳудуди муайяннашуда ба минтақаи низоъҳои байни аҳолии маҳаллӣ табдил ёфта, ки сипас ба ин низоъ марзбонони ду кишвар низ ширкат намуданд.
Охирин муноқишаи бузург 16 сентябри соли 2022 рух дод, ки дар натиҷаи он аз ҳарду ҷониб садҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд ва ба инфрасохтори манотиқи марзии вилоятҳои Суғду Бодканд хисороти зиёди моддӣ расонида шуд.
Раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Ҷабборов борҳо масъалаи марзро баррасӣ кардаанд. Вазъ дар минтақаҳои баҳсбарангезро Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) низ таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.
Дар чанд соли ахир мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли ин масъала ба таври фаъол гуфтушунид доранд. Вохурихо бо навбат дар ҳудудҳои хар ду ҷумҳурӣ баргузор гардиданд.