Қарзи Тоҷикистон аз “Сангтуда-1” кай кам мешавад?

Русия ва Тоҷикистон фаъолияти Неругоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" ва коҳиши қарзи Тоҷикистон аз истифодаи барқ аз ин нерӯгоҳро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар мулоқот бо муовини вазири энергетика Русия Роман Маршавин дурнамои ҳамкориҳо дар бахши энержиро баррасӣ карданд.
Дар бора дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захоири оби Тоҷикистон хабар додааст.
Дар ин мулоқот аз ҷумла тарафҳо, имкони дарёфти мақоми оператори система дар Шӯрои ҳамоҳангсозии нерӯи барқи Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.
"Вазорати энергетикаи Русия имкониятҳои густариши ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистонро дар соҳаи гидроэнергетика баррасӣ дорад", - қайд кардааст вазорати энергетикаи Русия.
Зимни мулоқот қайд карда шудааст, ки кишварҳо дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум ва эҳтирому эътимоди ҳамдигар ҳамкории барои ҷонибҳо судмандро дар оянда низ тавсеа ва тақвият хоҳанд дод.
Ҳамчунин яке аз масъалаҳои муҳим зимни мулоқот ин фаъолияти неругоҳи муштараки Тоҷикистон ва Русия – Неругоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" буд.
Тоҷикистону Русия фурӯши барқ аз НБО “Сангтуда-1”-баррасӣ намуданд
Ба иттилои манбаъ, дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла, масъалаҳои ҷорӣ доир ба фаъолияти Неругоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" қарор гирифт.
Вазорати энергетикаи Русия хабар дод, ки тарафҳо яке аз масъалаҳои муҳим ин коҳиши қарзи ҷамъшуда аз ҷониби Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дафтари матбуоти ин нерӯгоҳ хабар дода буд, ки қарзи ширкати "Барқи тоҷик" аз НБО “Сангтӯда-1” барои нерӯи барқ ​​дар аввали моҳи ноябр аз 3,5 миллиард сомонӣ гузашт.
"Дар нӯҳ моҳи соли 2024 қарзи ширкати давлатии "Барқи тоҷик" аз НБО "Сангтӯда-"1" барои нерӯи барқи додашуда аз 3,53 млрд сомонӣ расидааст. Қарз воқеан аз лаҳзаи ба кор даромадани аввалин чарха дар соли 2008 оғоз шуда, пайваста афзоиш меёбад", - қайд кард манбаъ.
Дафтари матбуоти ин нерӯгоҳ хабар додааст, ки дар нӯҳ моҳи соли равон қарзи ширкати “Барқи тоҷик” 543 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Тавре сарони ин нерӯгоҳ гуфта юуданд, “Барқи тоҷик” нерӯи барқро аз “Сангтуда 1” мехарад ва ба мардум мефурӯшад, вале қарзро намепӯшонад. Намояндагони "Барқи тоҷик" қаблан гуфта буданд, барқро аз ин неругоҳ бо нархи гарон харида, ба мардум арзонтар мефурӯшанд.
Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда - 1", ки тарҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст, дар соли 2008 ба баҳрабардорӣ расид ва 11 дарсад аз кулли барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон маҳсули ин нерӯгоҳ аст.
Русия 75 дарсад ва Тоҷикистон 25 дарсади саҳмияҳои молии нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда 1"-ро дар ихтиёр доранд.