Душанбе қасд дорад Соли навро бошукӯҳ таҷлил кунад

Дар ҳар чор ноҳияи шаҳри Душанбе чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли нави мелодӣ аз 29 декабр оғоз хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон тасмим аст, ки Соли навро чун анъана бошукуҳ таҷлил кунанд.
Дар ин бора аз ҳукумати шаҳрдорӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, чорабиниҳои фарҳангӣ аз 29 декабр оғоз мешавад.
“Рӯзҳои 29 ва 30-ум чаҳор ноҳияи пойтахт дар маконҳои гуногун чорабиниҳои худро доир мекунанд", - тавзеҳ дод манбаъ.
Зикр гардид, ки барномаи асоси солинавӣ шаби 31 декабр доир мешавад.
Манбаъ таъкид кард, ки ҳар чор ноҳияи пойтахт барои таҷлил оро дода шуда, рамзи асосӣ ҷашн низ гузошта шудааст ва баландтарин арча дар Майдони Истиқлол гузошта шудааст, ки тақрибан 30 метр дарозӣ дорад.
Салом Бобои Барфӣ: монандию фарқиятҳои бобои тоҷик аз дигарон
Ёдовар мешавем, соли гузашта чорабинии асосии шаби Соли нав дар Майдони "Истиқлол" бо иштироки ҳунармандони саршинос баргузор гардида буд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти шаҳри Хуҷанд аз оростани арчаи 18метрӣ хабар дода, изҳор доштанд, ки чорабиниҳои фарҳангӣ дар ин шаҳр аз 17 декабр шурӯъ мешаванд.