Пас аз он ки Башор Асад, раисҷумҳури собиқи Сурия, кишварашро тарк кард ва Димишқ ба дасти мухолифони исломии ӯ афтод, артиши Исроил ҳамлаҳои ҳавоиро ба хоки ин кишвар оғоз кард.
Даҳҳо пойгоҳҳои низомии Сурия барои ба дасти гурӯҳҳои тундрав наафтодани силоҳу муҳимоти ҷангӣ аз сӯи артиши Исроил бомборон шуданд.
Расонаҳои Сурия хабар доданд, ки Исроил маконҳои нигаҳдории мушакҳо, пойгоҳҳои низомӣ ва ҳавопаймоҳои ҷангиро ҳадаф қарор доданд.