ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Куба ба тавсеа ва диверсификатсияи минбаъдаи ҳамкориҳо бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё манфиатдор аст.
Дар ин бора нахуствазир Мануэл Марреро дар нишасти онлайнии Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё изҳор дошт.
"Мо пайваста кӯшиш менамоем, ки меъмории нав, одилона ва фарогирандаи байналмиллалии молиявӣ ва иқтисодиро ба инобат гирем, ки имкониятҳо ва иқтидори воқеии кишварҳои моро ба назар гирад.", - қайд кард ӯ.
Илова бар ин, Марреро дар бораи иштироки Куба дар чорабиниҳое, ки аз ҷониби ИИАО баргузор мегардад, сухан ронда, инчунин нияти ин кишварро барои "ба сифати давлати нозир дар иттиҳод нақши фаъолтар бозидан"-ро қайд кард.
Вай аз ҷумла таъкид кард, ки барои ҷумҳурии баҳри Кариб чунин соҳаҳои ҳамкорӣ, монанди фарматсевтика, туризм, саноати металлургӣ, нақлиёт, инкишофи муносибатҳои бонкӣ аҳамияти махсусан калон доранд.
"Куба тарафдори таҳкими муносибатҳо бо ҷаҳон аст. Имсол ба ин шарикии муҳим, ки берун аз марзҳои минтақавӣ паҳн мешавад, 10 сол пур мешавад. Боварӣ ҳосил кунед, ки сарфи назар аз мушкилоти мураккаб, шумо ҳамеша метавонед ба саҳми хоксорона, вале самимии Куба ва ҳамбастагии хоси мардуми он умед бандед”, - гуфт Марреро.
Қаблан маълум шуда буд, ки ИИАО технологияҳои IT-ро бо Куба мубодила мекунад.
Ҳамин тавр, намояндагони иттидодия ва Куба дар соҳаи технологияи иттилоотӣ фаъолияти якҷоя ва дурнамои ҳамкориро дар ин соҳа муҳокима карданд.