ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Русия дар ҳоли рушд аст, иқтисоди ин кишвар дар пасманзари таҳримҳои бесобиқа рушд мекунад.
Дар ин бора Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, зимни суханронӣ дар Маркази миллии "Россия", ки дар он ҷо Анҷумани 22-юми ҳизби "Русияи воҳид" ҷараён дорад, изҳор дошт.
"Русия рушд мекунад, иқтисод афзоиш меёбад ва ин дар пасманзари таҳримҳост, ки ба маънои аслии калима дар таърихи ҷаҳонӣ бесобиқа аст",- гуфт ӯ.
Раҳбари Русия таъкид кард, ки "шантаж" ва кӯшиши дахолат ба Русия ҳеҷ гоҳ ба чизе намерасад.
Ба қавли ӯ, талошҳои халалдор кардани ваҳдати кишвар ва иғвогарона шадидан саркӯб карда шуда, ҳар гуна таҳдиду чолишҳо ҷилавгирӣ хоҳад шуд.
"Мо омодаем, ки дар тамоми ҷабҳа мубориза барем ва ин на танҳо сухан дар бораи хатти тамоси низомӣ меравад",- гуфт Путин зимни суханронии худ дар анҷумани ҳизб.
Раҳбари Русия афзуд, суръати рушде, ки Русия ба даст овардааст, ба он имкон медиҳад, ки дар ҳама самтҳои калидие, ки соҳибихтиёрии он ба он вобастагӣ доранд, ҳаракат кунад ва сатҳи зиндагии мардумро дар минтақаҳо беҳтар созад.
Дар ҳамин ҳол, Путин мӯътақид аст, ки кишвар бояд бидуни таъхир ҳадафҳо ва дастурҳои нави васеъмиқёсро ба миён гузорад.
Рӯзи шанбе дар Маркази миллии "Россия" Анҷумани XXII ҳизби "Русияи воҳид" баргузор мешавад. Вай ба барномаи халқӣ ва Оинномаи ҳизбӣ тағйирот қабул мекунад, инчунин шӯроҳои олӣ ва умумиро иваз мекунад.