ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Тоҷикистон ҷонибдори аз байн бурдани маҳдудиятҳо дар тиҷорати мутақобила миёни кишварҳои ИДМ мебошад.
Дар ин бора Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ дар Маскав изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки соли 2025 раёсат дар ин созмонро бар ӯҳда мегирад, барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар фазои ИДМ талоши зиёд хоҳад дод.
"Яке аз самтҳои муҳими талошҳои мо дар раёсати ИДМ ҳамкориҳои иқтисодӣ хоҳад буд. Дар ин самт мо ҷонибдори аз байн бурдани монеаҳо ва маҳдудиятҳо дар тиҷорати мутақобила ҳастем, ки мутаассифона, то ҳол дар фазои ИДМ боқӣ мондаанд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Расулзода, дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод таваҷҷуҳи хоса ба бахши саноат дода мешавад: аз ҷумла, ҳамоҳангсозӣ ва имзои созишномаи ҳамкорӣ дар заминаи рушди мошинсозии вазнин аз ҷониби сарони ҳукуматҳо яке аз авлавиятҳо хоҳад буд.
Илова бар ин, Душанбе дар раёсаташ дар ИДМ, аз ҷумла ба иҷрои барномаи поксозии қаламравҳое, ки аз истихроҷи уран осеб дидаанд ва ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, энергетика ва экология ва соҳаи идоракунии партовҳои хатарнок ва рафъи объектҳои зарардида ба муҳити зист.
“Ба андешаи мо, минбаъд ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар соҳаи рушди технологии энергетикӣ дар давлатҳои ИДМ, гузаштан ба усулҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи истеҳсоли нерӯи барқ, зиёд кардани ҳиссаи истифодаи манбаъҳои барқароршаванда ва технологияҳои каммасраф самти асосии ҳамкории кишварҳои ИДМ аст”, - таъкид кард сарвазири Тоҷикистон.
Қоҳир Расулзода илова кард, ки дар бахши нақлиёт дар доираи раёсат корҳо оид ба таҳияи лоиҳаи стратегияи рақамикунонии долонҳои асосии нақлиётии кишварҳои узви ИДМ оғоз мегардад.
Ёдовар мешавем, ки 12 декабр дар шаҳри Маскав ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор шуд, ки дар он масоили тақвияти ҳамкориҳо баррасӣ мешаванд.
Дар ин нишаст сарвазири Тоҷикистон Қозир Расулзода иштирок дорад.
Дар ин ҷаласа сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ дар Маскав масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои муштаракулманофеъ дар заминаи таҳримҳои Ғарбро баррасӣ шуданд.