ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Маскав ва Душанбе се лоиҳаи муҳиме доранд, ки барои тиҷорат ба ҳарду кишвар ҷолиб аст.
Дар ин бора муовини вазири саноат ва савдои Русия Роман Чекушов ба Sputnik Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи ҷамъбастии солонаи Шӯрои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон, ки дар Маскав баргузор шуд, хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар заминаи минтақаҳои озоди иқтисодии маҳаллӣ бо ҷалби чанд корхонаи Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Суғд ва Кӯлоб як кластери нассоҷӣ дар назар аст.
Сармоягузории Русия ҳамчунин барои ифтитоҳи як парки саноатӣ дар Душанбе равона хоҳад шуд.
Лоиҳаи сеюми муҳим рушди платформаҳои тиҷорати электронӣ, пеш аз ҳама воридшавии маркетплейси “Wildberries” ба бозори Тоҷикистон хоҳад буд.
Ифтитоҳи корхонаи “Wildberries” тиҷоратро дар Тоҷикистон ба сатҳи нав мебарорад.
Рафаэл Абрахамян, мудири рушди байналмилалии ширкати “Wildberries” гуфт, ин платформа ба ширкатҳои тоҷикӣ имкон медиҳад, ки на танҳо рушд кунанд, балки даромад ба даст биёранд.
"Таҷрибаи мо дар кишварҳои дигар нишон медиҳад, ки экосистемаи бузурги корхонаҳои маҳаллӣ, пеш аз ҳама, бахши MSP, ҳамеша дар атрофи бозорҳо ташаккул меёбад, инҳо соҳибони сайтҳои таҳвил, ширкатҳои логистикӣ, фурӯшандагон ва интиқолдиҳандагон мебошанд, ки молҳоро намоиш медиҳанд", - кайд намуд ӯ.
Илова бар ин, тарафҳо ният доранд, рақамикунониро якҷоя рушд диҳанд.
Аҳамият дар ҳамкорӣ дар соли 2025 ба маҳсулоти рақамӣ дода мешавад, гуфт роҳбари Шӯрои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон Ислом Назаралиев.
"Лоиҳаҳои рақамикунонӣ ҷузъи муҳими иқтисодиёти муосир мебошанд, ки Шӯрои тиҷоратии мо дар якҷоягӣ бо ҷомеаи илмӣ ва коршиносон ва Академияи илмҳои Русия стратегияи мунтазами шарикии рақамиро таҳия мекунад", - қайд кард ӯ дар ҷаласаи ҷамъбастии шӯро.
Тоҷирони рус низ дар омода кардани мутахассисон дар техникумҳои Тоҷикистон кумак хоҳанд кард.
Назаралиев шарҳ дод, ки дар чаҳорчӯби ифтитоҳи парки технологӣ дар Душанбе мақомот имкони “сарпарастӣ”-и ширкатҳои бузург дар бархе аз барномаҳои омӯзишӣ дар омӯзишгоҳҳои касбӣ барои омода кардани мутахассисонеро баррасӣ мекунанд, ки ҳатман ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷи кишвар кор пайдо кунанд.