Номгузории Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Хол

Бо қарори вакилони вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Ахиран вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, дар иҷлосияи навбатӣ, ки таҳти раёсати Давлаталӣ Саид - раиси вилояти Хатлон баргузор гардид, қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро дар бораи номгузорӣ намудани Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Хол баррасӣ намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилоляти Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳама вакилон дар ин ҷаласа якдилона овоз доданд ва Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд.
Манбаъ қайд кардааст, ки Ҳофизи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Давлатманд Хол дар ҷодаи мусиқӣ ва санъат яке аз нобиғаҳои барҷастаи Шарқ ба шумор рафта, давоми умри бобаракат оҳангҳои зиёди руҳбахш эҷод намуда, мактаби бузурги фалаксароиро ривоҷу равнақ бахшидааст.
Андуҳи Раҳмон аз даргузашти Давлатманд Холов
Ёдовар мешавем, ки ҳунарманди маҳбуб дар синни 74 солагӣ рӯзи 18-уми феврали соли 2024 даргузашт
Давлатманди Хол 26‑уми октябри соли 1950 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шӯрообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин)-и вилояти Хатлон дар оилаи ҳунарманд ба дунё омадааст.
Мавсуф дорандаи унвонҳои Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, Орденҳои "Шараф", "Дӯстӣ" буд.
Холов аз соли 2004 ҳудуди 20 сол аз замони таъсиси ансамбли давлатии "Фалак"-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон онро раҳбарӣ мекард.
Ӯ сабки хоси сурудхонӣ дошт, ки дар дили ҳаводорон бо ҳамон усул ҷо шуда буд.
Рӯзноманигор Одили Нозир гуфта буд, ки Давлатманд Хол нафаре буд, ки бонги Фалакро ба фалак расонид ва ҷуғрофиёи алоқамандони онро бамаротиб васеъ кард. Суруди ӯ "Шоҳнома Ватан аст" (шеъри Гулрухсор) гимни ғайрирасмӣ, вале ба қалбҳо пазируфташудаи форсизабонони ҷаҳон аст.