ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Хоҳиши назорати бозори дохилӣ омили аслии худдории мақомоти Тоҷикистон аз пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) аст.
Дар ин бора мудири Маркази тадқиқоти иқтисодии иҷтимоӣ Алексей Зубетс дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.
"Вақте ки шумо ба ИИАО ворид мешавед, шумо бозорҳои худро барои ширкатҳои кишварҳои дигар боз мекунед, ин маънои онро дорад, ки дар бозорҳои маҳсулоти хӯрокворӣ ва саноатӣ таъминкунандагон аз давлатҳои пуриқтидор, аз қабили Русия ва Қазоқистон пайдо мешаванд.
Аммо, аз тарафи дигар, бозори Тоҷикистон ҳар қадар аз кишварҳои ИИАО дар инзиво бошад, ҳамон қадар ақабмониаш бештар мешавад.
"Агар шумо рақибони ҷиддӣ надошта бошед, ба шумо лозим нест, ки рушд кунед ва чӣ қадаре, ки бозори Тоҷикистон аз кишварҳои ИИАО худро дур кунад ва канор монад, ҳамон қадар ин ақибмонӣ нигоҳ дошта мешавад", - шарҳ дод коршинос.
Дар баробари ин, боз кардани бозор барои истеҳсолкунандагони ватанӣ муфид аст ва мардум ҳам маҳсулоти арзонтару бо сиффат дастрас мегардад.
"Бастагӣ маънои нигоҳ доштани ақибмонӣ ва коҳиши сифатро дорад. Шомилшавии Тоҷикистон ба ИИАО барои ворид шудани сармояҳо имкон медиҳад", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз соли 2015 имкони пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ мекунад.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё изҳори назар карда буд.
Вай инчунин ба рушди бомуваффақияти муносибатҳо дар дохили созмон ёдовар шуд.
Қаблан Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон изҳор дошт, ки Душанбе барои қабули тасмим дар бораи пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад. Сипас таъкид кард, ки мақомоти кишвар ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро арзёбӣ мекунанд ва таҷрибаи Қирғизистону Арманистонро меомӯзанд.