Парванда алайҳи 67 мансабдори Хатлон барои фурӯши замин

Прокуратураи вилояти Хатлон эълон кард, ки то ҳол бархе аз раисони кумитаҳои замин ва кормандони мақомоти маҳали вилоят ба ғайриқонунӣ фурӯши замин машғуланд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Ахиран прокурори вилояти Хатлон Авазҷон Назарзода дар як ҷаласа хабар дод, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар самти назорати иҷрои қонунгузории замин 4 ҳазору 962 қонунвайронкуниро ошкор ва ҷиҳати бартараф намудани он 2043 санадҳои эътиноии прокурорӣ бароварда, ки аз ин 2 ҳазору 494 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.
Дар ин замина 359 амру қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо ошкор ва бинобар хилофи талаботи қонунгузории замин будан эътироз оварда шудааст.
Ҳамчунин ба гуфтаи прокурор аз ин шумора 181 адади он ба қарорҳои раисони амалкунандаи шаҳру ноҳияҳо мансуб мебошад.
Ошкори беш аз чор ҳазор қонуншикании замин дар Хатлон
Авазҷон Назарзода қайд кардааст, ки гарчанде вақтҳои охир назорати риоят ва иҷрои қонунгузорӣ дар ин самт пурзур гардида бошад ҳам, вале бархе аз раисони кумитаҳои замин ва кормандони мақомоти маҳал ба ин кирдорҳои хилофи қонун даст зада истодаанд.
“Ин аст, ки дар соли ҷорӣ нисбати 11 корманиди мақомоти иҷроия ҳокимияти маҳаллӣ, 38 парванда нисбати раисони ҷамоатҳо ва 18 парванда нисбати раисони кумитаҳои замин кушода шудааст”, - таъкид кард прокурори вилояти Хатлон.
Ба гуфти масъулон тибқи таҳлилу натиҷагириҳо дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ беш аз 53 гектар заминҳои зери сохтмони худсаронаи ишғолу ғайриқонқнӣ дода, ба ҳолати аввала бозпас гардонида шудааст.
Ҳамчунин, 1,3 милион сомонӣ талафи истеҳсоли кишоварзӣ, андоз ва иҷораи замин ба манфиати давлат барқарор карда шудааст.