Тақдири сохтмони бинои нави театри Маяковский дар Душанбе дар парлумони Русия ҳал мешавад

Ҳукумати Русия созишнома дар бораи сохтмони бинои нави театри ба номи Маяковский дар шаҳри Душанбе барои тасвиб ба Дума (парлумон) ирсол кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Ҳукумати Русия созишнома бо ҳукумати Тоҷикистон дар бораи шароити сохтмон ва фаъолияти театри драмавии русии ба номи Владимир Маяковский дар Душанберо барои тасвиб ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард.
Санади мазкур дар сомонаи расмии Парлумони Русия ҷойгир карда шудааст.
"Созишномаи байни Ҳукумати Русия ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи шартҳои сохтмон ва истифодабарии муассисаи давлатии "Театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковский дар Тоҷикистон, ки 18 декабри соли 2023 дар Маскав ба имзо расид, тасвиб шавад", — гуфта мешавад дар санади мазкур.
Ҳукумати Русия тавзеҳ додааст, ки ин созишнома ба густариши ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар, инчунин баланд бардоштани дастрасии мардум ба намоишномаҳо бо забони русӣ мусоидат хоҳад кард.
Қайд карда шудааст, ки ин тарҳ таваҷҷуҳро ба фарҳанги русӣ афзоиш медиҳад ва забони русиро ҳамчун забони муошират байни миллатҳо тарғиб мекунад.
Тоҷикистону Русия дар бораи намои театри Маяковский дар Душанбе ба мувофиқа расиданд
Бинои Театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковский дар шаҳри Душанбе соли 2016 тахриб шуд. Ҳунармандони ин театр муддате дар кинотеатри “Тоҷикистон” фаъолият карданд ва чанд соли охир дар ошёнаи сеюми Театри Лоҳутӣ намоишномаҳои худро рӯи саҳна мегузоранд.
Бояд гуфт, ки бинои тахрибшудаи Театри Маяковский аз қадимтарин биноҳои шаҳри Душанбе ба ҳисоб мерафт ва гуфта мешуд, ки таъсиси ҶМШС Тоҷикистон дар соли 1924 маҳз дар ҳамин бино эълон шуда буд.
Новобаста аз ин, ҳунармандони Театри Маяковский фаъолияти назаррас доранд ва дар охирин ҷашнвораи ҷумҳуриявии “Парасту - 2023” бо намоишномаи "Мастер ва Маргарита" соҳиби "Шоҳҷоиза" гардида буданд.