Зокирзода: таҳдидҳои амниятӣ густариши ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби СПАД тақозо мекунанд

Раиси парлумони Тоҷикистон аз тамоюли афзоишёбии терроризми ҷаҳонӣ, ифротгароӣ, шаклҳои гуногуни тундгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қайд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Хавфҳо ва таҳдидҳои кунунӣ ба амнияти кишварҳои узви СПАД тақозои онро дорад, ки кишварҳо ҳамкориҳои худро дар доираи ин созмон афзоиш диҳанд.
Дар ин бора Маҳмадтоир Зокирзода, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон зимни суханронӣ дар шаҳри Маскав дар ҷаласаи муштараки Шӯро ва ҷаласаи 17-уми пленарии Ассамблеяи парлумонии СПАД изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, мониторинги парлумонии вазъи низомиву сиёсии минтақаҳои амнияти дастаҷамъии СПАД “дар баробари чолишҳои анъанавии рушди ҷаҳони муосир таҳдидҳои нав ва мураккабтарро ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ ошкор кардааст”.
Зокирзода тамоюли афзоишёбии терроризми ҷаҳонӣ, ифротгароӣ, шаклҳои гуногуни тундгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро қайд кард.
"Нерӯҳои гуногуни террористиву ифротӣ аз ниятҳои тахрибкоронаи худ даст накашидаанд ва дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар наздикии минтақаи масъулияти СПАД фаъолияташонро идома медиҳанд", - таъкид намуд раиси парлумони Тоҷикистон.
Сарони порлумонҳои кишварҳои СПАД дар Маскав гирд омаданд: чиро баррасӣ мекунанд?
Зокирзода афзуд, ки ҳамкориҳо дар доираи СПАД, ки ба таъмини ҳуқуқӣ ва меъёрии фаъолияти он нигаронида шудааст, нақши муҳим дорад.
"Рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мо бешубҳа ба таъмини амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, субот ва ҳифзи тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии кишварҳои узви СПАД дар заминаи дастаҷамъӣ мусоидат мекунад", - гуфт ӯ.
Дар ҷаласаи Асамблеяи парлумонии СПАД дар Маскав ҳайатҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат доранд.
Ширкаткунандагони ҷаласаи ахиран якдилона раиси Думаи давлатии СПАД Вячеслав Володинро раиси Асамблеяи парлумонии СПАД интихоб карданд.