Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Трамп аз омодаги Украина барои музокира гуфт; вокуниши Маскав

Ғолиби интихоботи президентии ИМА бо Владимир Зеленский мулоқот кард ва пас аз он Маскав ва Киевро ба музокирот даъват кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. "Вақти амал кардан" расидааст, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар бораи Украина гуфтушунид кунад.
Доналд Трамп, ки қаблан дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико пирӯз шуд, чунин мешуморад.
"Ман Владимирро (Путин - ред.) хуб медонам. Ҳоло вақти он расидааст, ки амал кунад. Чин метавонад кӯмак кунад. Ҷаҳон интизор аст!", - навиштааст ӯ дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Truth Social.
Ба гуфтаи вай, дар акси ҳол, муноқиша метавонад ба як чизи хатарноктар ва густардатар табдил ёбад.
"Зеленский мехоҳад як созиш бикунад",- илова кард Трамп.
Як рӯз пеш Доналд Трамп дар Порис бо президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва президенти Украина Владимир Зеленский мулоқот кард.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Песков: Дар Украина аз Зеленский хаста шудаанд
Дар Маскав ба даъвати раҳбари пешин ва ояндаи Кохи Сафед барои музокирот посух дода шуд.
Ҳамин тавр, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, ки Кремл изҳороти Трамп дар бораи созиш дар Украинаро бодиққат омӯхта, ба нозукиҳо ишора кардааст.
"Зеленский аввал бояд имзои манъи ҳама гуна тамос бо раҳбарияти Русияро лағв кунад", - таъкид кард Песков.
Илова бар ин, шартҳои қатъи фаврии ҷангро президент Владимир Путин моҳи июни соли ҷорӣ муқаррар карда буд, гуфт котиби матбуотии раҳбари Русия.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия ба иншоотҳои низомии Украина бо сад мушаки дақиқ зарба зад
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижа озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ ширкат дар даргириҳо дар Украинаро расман рад мекунанд, аммо ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина силоҳ идома медиҳанд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳар боре, ки дорои силоҳ барои Украина аст, ҳадафи қонунии Русия мешавад. Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина “бо оташ бозӣ мекунанд”.