ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Муҳаббат Иброҳимзода -директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии Точикистон гуфт, ки аз соли 2004 сар карда, то охири ноябри соли 2024 дар 23 ноҳияи наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 435 майдони хатарнок, ки масоҳати замини баробар ба 35,9 млн метри мурабаъ (ё бо ибораи дигар 3590 гектар) аз мина ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ тоза карда шуданд.
Ба гуфтаи вай дар натиҷа 133 287 мина ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ пайдо ва нобуд карда шуд.
Вай ин маълумотро дар дар ҷаласаи Комиссияи назди Ҳукумати Тоҷикистон оид ба татбиқи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ошкор кард.
Ба гуфтаи вай аз масоҳати дар боло зикргардида 361 майдон бо масоҳати 28, 16 млн метри мурабаъ ё бо ибораи дигар 2816 гектар замин барои истифодаи доимӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супорида шуд.
Қайд карда шудааст, ки дар давоми солҳои 2019-2024 дар натиҷаи гузаронидани тадқиқот 62 майдони хатарноки бо мина ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ олуда ҳамчун майдони нав бо масоҳати баробар ба 10,8 млн метри мурабаъ барои поксозӣ ба қайд гирифта шуд.
Номбурда зикр кардааст, ки айни замон, масоҳати замини баробар ба 12,4 млн метри мураббаъ ё бо ибораи дигар 1240 гектар бо минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ барои тоза кардан боқӣ мондааст
Ёдовар мешавем, ки дар асоси фармони Президенти кишвар аз 23 сентябри соли 1999 ва сиёсати башардӯстонаи Ҳукумати Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2000 дар баробари 164 мамлакати дунё узви Конвенсияи СММ оид ба манъи истифода, захирасозӣ, истеҳсол ва таҳвили минаҳои зиддипиёдагард ва нобудсозии онҳо (минбаъд Конвенсия) мебошад.