Меҳргону Санъати рубобсозӣ ва рубобнавозӣ ба феҳристи ЮНЕСКО ворид шуданд

“Меҳргон” ва “Санъати рубобсозӣ ва рубобнавозӣ” расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Боз як ҷашни суннатии Тоҷикистон – “Меҳргон” расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ЮНЕСКО сабти ном шуд.
Дар ҷаласаи ҷаласаи 19-уми Кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки дар шаҳри Асунсйони Парагвай ҷараён дорад, номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Эрон “Ҷашни Меҳргон” расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид шуд.
Дар таҳияи ҳуҷҷатҳои парвандаи “Ҷашни Меҳргон” олимони Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО-и Вазорати корҳои хориҷии кишвар фаъолият намуданд.
Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои қадимаи мардуми ориёинажод буда, маҳз бо туфайли соҳибистиқлолии Ҷумҳурӣ ва тибқи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" дар қатори дигар ҷашну идҳо ҳамчун иди миллӣ дар кишварамон таҷлил карда мешавад.
Дар Душанбе иди бостонии Меҳргон бошукуҳ таҷлил шуд - видео
Парвандаи “Ҷашни Меҳргон", ки муштарак байни Эрону Тоҷикистон таҳия шуда, нахустин бор нест, ки пешниҳод мешавад, Эрон қаблан дар понздаҳумин нишасти кумитаи байни давлатҳои мероси фарҳангии номалмӯс, ки ба сурати маҷозӣ баргузор шуд, ҷашни Меҳргонро муштарак бо Тоҷикистон барои сабт ба ЮНЕСКО муаррифӣ карда буд, аммо дар он давра ҳам пазируфта нашуд.
Ҳамчунин имрӯз дигар номинатсияи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон, Эрон ва Узбекистон “Санъати рубобсозӣ ва рубобнавозӣ” (“Art of crafting and playing rubab/rabab”) расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид карда шуд.