ДУШАНБЕ, 5дек — Sputnik. Дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, даъвати шашум лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025" мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифи тарҳ дар ҳузури вакилон гуфт, ки гардидани дурнамои маҷмуи маҳсулоти дохилии давлат барои соли 2025, даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои воридот дар ҳаҷми 49,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши 15,4 дарсад ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин дар буҷа воридоти андозҳои дохилӣ тавассути мақомоти андоз дар ҳаҷми 22,7 млрд сомонӣ бо афзоиши 20,4 дарсад, гумрук 10,4 млрд сомонӣ бо афзоиши 23,4 дарсад, воридоти ғайриандозӣ 1,2 млрд сомонӣ бо афзоиши 34,4 дарсад, лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 11,2 млрд сомонӣ бо мутаносибан 60 дарсад грантҳо ва 40 дарсад қарзҳо ба нақша гирифта шудааст.
Ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ равона намудани 23,9 млрд сомонӣ тасдиқи хусусияти возеҳи иҷтимоӣ будани буҷети соли 2025 мебошад.
Ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт аз буҷет 15,2 млрд сомонӣ равона гардидааст.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети давлатӣ дар заминаи таҳлили пайомадҳои эҳтимолӣ, арзёбии рушди соҳаҳои иқтисод аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 51,6 миллиард сомонӣ бо афзоиш ба андозаи 7,5 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар сохтори хароҷоти умумии буҷети давлатӣ маблағгузорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 37,7 млрд сомонӣ бо афзоиши 24,5%, маблағҳои махсуси ташкилоти буҷетӣ дар ҳаҷми 2,7 млрд сомонӣ бо афзоиши 12,9% пешбинӣ гардидаанд.
Дар моддаи 23 лоиҳаи ин қонун мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо" бо назардошти сатҳи беқурбшавии соли навбатии молиявӣ меъёри нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба маблағи 75 сомонӣ муқаррар карда шудааст.