Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Русия қисми зиёди шаҳри Курахово таҳти назорат гирифт

Артиши Русия қисми зиёди шаҳри Кураховоро, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Донетск воқеъ аст, аз нерӯҳои укриантӣ озод намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Артиши Русия воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро аз қисми зиёди шаҳри Курахово дар ғарби ҶМД берун кардааас.
Дар ин бора Владимир Рогов, раиси комиссияи Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Русия оид ба истиқлолият ва ҳамраиси шӯрои ҳамоҳангсозии минтакахои нав, ба РИА “Новости” гуфт.
Қаблан мушовири раиси ҶМД Ян Гагин гуфта буд, ки низомиёни Русия аллакай дар маркази Курахово қарор доранд ва то пурра муҳосираи шаҳр чанд километр боқӣ мондааст.
"Чанг дар Курахово давом дорад. Артиш пешравӣ дорад, бачаҳои мо аз қисми зиёди шаҳрро аз душман озод карданд”, - гуфт Рогов.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Поксозии вилояти Курск идома дорад: Талафоти артиши Украина боз афзоиш ёфт
Курахово шаҳрест дар қисмати ғарбии Ҷумҳурии Мардумии Донетск воқеъ аст. Шаҳр аҳамияти калони оперативӣ дорад. Ин бузургтарин шаҳрак дар қисмати ҷанубу ғарбии Донбасс аст, ки пас аз озод кардани Угледар муддати тӯлонӣ таҳти назорати нерӯҳои мусаллаҳи Украина боқӣ мондааст.
Гирифтани Курахово ба кушунхои рус имкон медихад, ки боз ба сархади ғарбии ҶМД наздик шаванд.