Афзоиши воридоти худравҳои барқӣ дар Тоҷикистон

Ба иттилои вазорати нақлиёти Тоҷикистон танҳо дар нӯҳ моҳи соли равон ба ҳудуди ҷумҳурӣ наздик ба 9 ҳазор худрави барқӣ ворид гардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Мутобиқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли 2024 ба ҷумҳурӣ 8778 адад мошини барқӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба тамоми соли гузашта 5423 адад зиёд мебошад.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати нақлиёти кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, бо мақсади татбиқи "Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028" воридоти мошинҳои барқӣ ба ҷумҳурӣ идома дорад.
Қайд карда шудааст, ки дар Тоҷикистон "Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” барои солҳои 2023-2037" қабул шудааст, ки ҷорӣ намудани таҷоруби устуворро дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти кишвар пешбинӣ мекунад.
“Аз ин рӯ, Вазири нақлиёт рушди нақлиёти устувори "сабз" - ро яке аз вазифаҳои асосии вазорат ва муассисаҳои тобеи он мешуморад”, - қайд кардааст вазорат.
Ҳамчунин вазири нақлиёт хабар дод, ки тибқи маълумоти соҳавӣ, то 1 ноябри соли 2024 дар миқёси ҷумҳурӣ 48 ҳазору 989 адад воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки дар иқтисодиёт истифода мешаванд, ба қайд гирифта шудаанд.
Тоҷикистон савдои хориҷиро бо кишварҳои ИДМ афзоиш дод
Вазорат қайд кардааст, ки 1 январи соли 2014 дар ҷумҳурӣ 666 ҳазору 74 адад воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла 52 ҳазору 362 адад боркаш, 16 ҳазору 554 адад мусофирбар ва 587 ҳазору 74 адад сабукрав ба қайд гирифта шудаанд.
Ҳамзамон вазорати нақлиёт иттилоъ додааст, ки Аз 48 ҳазору 989 адад воситаҳои нақлиёти автомобилӣ 22036 адад мошинҳои боркаш, 6316 адад - мусофирбар ва 20634 адад автомобилҳои сабукрав мебошанд.
Дар давоми 10 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми боркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилии системаи Вазорати нақлиёт 34 млн.461 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 фоиз зиёд аст.