Вазири хориҷаи Тоҷикистон вориди Машҳад шуд

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон барои иштирок дар нишаст вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Эрон рафт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон барои ҳузур дар 28-умин нишаст вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ворид шаҳри Машҳади Эрон шуд, иттилоъ додааст хабаргузории "ИРНА".
Ба иттилои расонаҳои эронӣ чанде пеш вазири умури хориҷаи Қазоқистон низ вориди шаҳри Машҳадж шудааст.
Қарор аст дар ин чорабинӣ теъдоде аз сафирону ҳайатҳои каршиносии кишварҳои узви ЭКО низ имрузи вориди Машҳад шаванд соири ҳайатҳои каршиносӣ ба тадриҷи ворид Машҳад хоҳанд шуд.
Раиси намояндагии вазорати умури хориҷа дар шимоли шарқи кишвар Эрон гуфт, ки рӯзи Душанбе нишаст коршиносони ҳайатҳои хориҷии узви ЭКО дар Машҳад оғоз ба кор хоҳад кард.
Шаҳри Душанбе ва Шероз барои ҳамкории гардишгарӣ тафоҳумнома имзо карданд
28-умин нишаст вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) бо ҳузури 20 ҳайати хориҷӣ дар Машҳад баргузор мешавад.
ЭКО як созмони минтақаии давлатӣ маҳсуб мешавад, ки соли 1985 аз сӯйи Эрон, Покистон ва Туркия бо ҳадафи пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои узв таъсис шуд ва аз соли 1992 бо пазириши ҳафт кишвари ҷадиди шомили Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон, шумори аъзои он ба 10 кишвар афзоиш ёфт.